*Салати гулкарами нозуки тоҷикӣ*

*Масолеҳ:*
- Гулкарам - 1 донаи миёна
- Бодиринг - 2 дона
- Помидор - 2 дона
- Сабзӣ - 1 дона
- Пиёз - 1 дона (пиёзи сурх беҳтар)
- Кабудӣ (укроп, кашнич, ҷаъфарӣ)
- Лимӯ - нисфаш
- Равғани зайтун - 3 қошуқ
- Намак, мурч - ба табъ

*Тарзи тайёр кардан:*

1. Гулкарамро майда-майда карда, дар оби ҷӯшони намакдор 3-4 дақиқа ҷӯшонед. Бисёр нарм накунед, каме қирс-қирс монад. Баъд дар оби хунук шуста хунук кунед.

2. Бодиринг, помидорро мукаабча реза кунед. Сабзиро бо рендаи калон ренда кунед.

3. Пиёзро тунук ҳалқа-ҳалқа кунед.

4. Ҳамаро дар косаи калон омехта кунед, кабудиро реза карда илова кунед.

5. Равғани зайтун, оби лимӯ, намак ва мурчро омехта карда, болои салат резед.

6. 15 дақиқа гузоред то мазза гирад.

Бисёр болаззат ва парҳезӣ мешавад! Агар хоҳед каме майонез ё ҷурғот ҳам илова карда метавонед, боз ҳам нармтар мешавад.

Нӯши ҷон моҳам! Тайёр кардед, расмашро ба ман фиристед 😊
Просмотры: 17
Открыть в MAX Сообщить о неточности

Сообщить о неточности

Опишите, что нужно исправить. Если есть источник, добавьте ссылку.

Вы покидаете datool.ru

Ссылка ведёт на внешний сайт. datool.ru не отвечает за его содержимое — проверьте адрес, прежде чем вводить пароли или платёжные данные.

Переход через 10 с

Перейти